Сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон омодагии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт таъкид сохтанд

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд. Сарони ду давлат аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо асосан изҳори қаноатмандӣ карда, густариши минбаъда ва такон додани ҳамкориҳои судманди иқтисодиро зарур шумурданд. Эмомалӣ   Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ омодагӣ ва […]

root


Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ

 

Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.




Сарони ду давлат аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо асосан изҳори қаноатмандӣ карда, густариши минбаъда ва такон додани ҳамкориҳои судманди иқтисодиро зарур шумурданд.



Эмомалӣ

 

Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла баҳри татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаи КАСАРЕМ (хатти 1000-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон) таъкид намуданд.



Ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар ва баромадани Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрӣ тавассути бандарҳои Покистон низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.



Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба авзои минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкорӣ баҳри таҳкими амнияту субот дар минтақа

 

сурат гирифт.



Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия ба кори худ пагоҳ шурӯъ мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.