Ӯзбекистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро ним баробар коҳиш дод

Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар напардохтани қарз аз ҷониби Тоҷикистон «Узтраснгаз» ҳаҷми интиқоли газ ба ҷумҳуриро ним баробар коҳиш дод. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов иттилоъ дод, зимни гуфтушунид, ки якчанд рӯз идома дошт, ба намояндагони корхона муясссар гардидааст, ки ҷониби Ӯзбекистонро водор созанд аз комилан […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар напардохтани қарз аз ҷониби Тоҷикистон «Узтраснгаз» ҳаҷми интиқоли газ ба ҷумҳуриро ним баробар коҳиш дод.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов иттилоъ дод, зимни гуфтушунид, ки якчанд рӯз идома дошт, ба намояндагони корхона муясссар гардидааст, ки ҷониби Ӯзбекистонро водор созанд аз комилан қатъ сохтани интиқоли газ ба Тоҷикистон даст кашанд.



Ёдрас мекунем, ки мақомоти раҳбарии «Узтрансгаз» қаблан изҳор дошта буд, ки дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз барои истифодаи газ, ширкати «Узтрансгаз» интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ мекунад.



Ба гуфтаи Ш.Шоимов, шурӯъ аз имрӯз ба Тоҷикистон ба ивази 12 ҳазор метри мукааб дар як соат ҳамагӣ 6 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад, ки танҳо барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти корхонаи алюминии Тоҷикистон басанда аст. «Баҳри қонеъ сохтани талаботи ҷумҳурӣ бо газ дар як шабонарӯз беш аз 100 ҳазор метри мукааб газ зарур аст», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, айни замон ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 10 млн. $, «корхонаи «Тоҷиксемент» – 2 млн. $, «Сомонсуғдгаз» низ 2 млн. $, корхоани «Лаъл»-и вилояти Суғд – 1,1 млн. $ ва Талко – ҳудуди 700 ҳазор


$





 

аз корхонаи «Тоҷиктрансгаз» қарздор мебошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.