Дар Тоҷикистон бо сабабҳои номълум се хизматчии низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ бо сабабҳои номаълум се хизматчии низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итттилоъ доданд, ҷисмҳои беҷони ду нафар хизматчии ҳарбӣ – зодаи ноҳияи Ашт Зоҳир Мирзоаҳмедови 19-сола ва зодаи ноҳияи Рашт Ҷамолиддин Сайдамирови 20-сола, […]

Наргис Ҳамробоева/Шонаврӯз Афзалшоев


Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ бо сабабҳои номаълум се хизматчии низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итттилоъ доданд, ҷисмҳои беҷони ду нафар хизматчии ҳарбӣ – зодаи ноҳияи Ашт Зоҳир Мирзоаҳмедови 19-сола ва зодаи ноҳияи Рашт Ҷамолиддин Сайдамирови 20-сола, ки дар қисми низомии № 01140 –и вазорат воқеъ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт адои хизмат менамуданд, рӯзи 14-уми июн ёфт шудаанд.



Афсари Вазорати мудофиаи ҶТ Абрибод Алишаев зимни иҷрои вазифаи хидматӣ дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҳалок шудааст. Фавтида ба ҳайси сардори хадамоти таъминот бо ғизои қисми низомии № 123441Л ифои вазифа менамуд.



Аз рӯи ин далелҳо додситонии гарнизони ҳарбии Рашт корҳои тафтишотӣ мегузаронад.



Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ далели фавти се нафарро тасдиқ намуда, аз ифшои дигар ҷузъиёт худдорӣ намуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.