Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тамдид шуд

            Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз моҳи июн то ахири моҳи августи соли ҷорӣ тамдид шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини мудири иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ Рустам Абдуллоев иттилоъ дод, тамдиди мӯҳлати истифодаи роҳ пеш аз […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз моҳи июн то ахири моҳи августи соли ҷорӣ тамдид шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини мудири иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ Рустам Абдуллоев иттилоъ дод, тамдиди мӯҳлати истифодаи роҳ пеш аз ҳама, ба бӯҳрони молӣ ва боришоти зиёду резиши лойқа ва гилоб дар қитъаҳои роҳ вобаста аст. «Айни замон корҳои таъмиру тармим дар 233 километри роҳ ба анҷом расида, 183 километри он дар вилояти Суғд ва


50 километр

дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи номбурда, то анҷоми пурраи корҳо дар марҳилаи аввали сохтмон таъмири 102 километри роҳ боқӣ мондааст. «Анҷоми марҳилаи дуввум ва саввуми сохтмони роҳи мазкур моҳи июли соли 2010 ба нақша гирифта шуда, мавриди истифодаи пурра қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ моҳи сентябри соли 2011 пешбинӣ шудааст, – афзуд Р.Абдуллоев.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.