Амалиёти «Кӯкнор-2009» идома дорад: шабонарӯзи гузашта ҳудуди 2 ҳазору 700 бех ниҳоли рустаниҳои нашъаовар кашф ва мусодира гардид

Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯнор-2009» дар наздикии яке аз хонаҳои истиқоматии сокини ноҳияи Шаҳринав 346 бех ниҳоли кӯкнор ошкор ва нобуд гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, худи ҳамин рӯз дар наздикии яке аз манзилҳои зисти хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯнор-2009» дар наздикии яке аз хонаҳои истиқоматии сокини ноҳияи Шаҳринав 346 бех ниҳоли кӯкнор ошкор ва нобуд гардид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, худи ҳамин рӯз дар наздикии яке аз манзилҳои зисти хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе низ 34 бех ниҳоли рустании нашъаовар ошкор ва нобуд карда шуд.



Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ 2 ҳазору 323 бех ниҳоли рустаниҳои нашъаовари худрӯйро кашф ва сӯзониданд.



Кормандони милисаи шаҳри Душанбе дар пойтахт сокинони ноҳияи Панҷ – Рустам ва Фирдавс Нуровҳоро бо 36 кило маводи мухаддири ҳашиш боздошт карданд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ваҳдат Муборакшо Шотиборов бо


500 грамм

маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин дастгир шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.