Имрӯз ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ду сол пур шуд

Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ду сол пур шуд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сарвари кулли шабака Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки шабака бо тамоми таҷҳизоти муосири рақамӣ таъмин буда, имкон дорад тамоми корҳои марбут ба наворбардорӣ, монтаж ва таҳияи компютерии филму барномаҳоро дар сатҳи […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ду сол пур шуд.




Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сарвари кулли шабака Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки шабака бо тамоми таҷҳизоти муосири рақамӣ таъмин буда, имкон дорад тамоми корҳои марбут ба наворбардорӣ, монтаж ва таҳияи компютерии филму барномаҳоро дар сатҳи зарурӣ анҷом диҳад. «Мо аз он ифтихор дорем, ки кормандони шабака имкони дар муддати кӯтоҳтарин баргузории тадқиқотҳои журналистӣ ва таҳияи барномаҳои пурмӯҳтаворо доранд», – гуфт ӯ.



З.Исмоилов ҳамчунин гуфт, шабакаи телевизионии «СМТ» минбари ибрози андешаҳои мухталиф аст. Ба қавли ӯ, шабака бо 10 нафар корманд ба пахши барномаҳо шурӯъ карда, имрӯз шумори коргарони он ба 25 нафар расидааст. «Соли равон шабакаи телевизонии «СМТ» дар бахши «Журналистикаи муосир»-и озмун ба ҷоизаи ба номи Имоманазари Холназар сазовор дониста шуд», – афзуд ӯ.



Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» шурӯъ аз соли 2006 ба пахши барномаҳо шурӯъ карда, минтақаи пахши барномаҳои он шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро фаро мегирад. Мӯҳлати пахши барномаҳои шабака 8 соат (2 соат субҳ ва 6 соат шомгоҳон) буда, шумори тамошобинони он 1,5 млн. нафарро ташкил медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.