Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ТРАСЕКА оид ба рушди нақлиёти мултимодалӣ созишнома ба имзо расонид

            Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ТРАСЕКА оид ба рушди нақлиёти мултимодалӣ созишнома ба имзо расонид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби Тоҷикистон созишномаро муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров ба имзо расонид. Номбурда дар Иссиқкӯли Қирғизистон […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ТРАСЕКА оид ба рушди нақлиёти мултимодалӣ созишнома ба имзо расонид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби Тоҷикистон созишномаро муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров ба имзо расонид. Номбурда дар Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзҳои 15-16-уми июни соли ҷорӣ дар кори ҷаласаи солонаи комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ширкат варзид.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар созишнома танзими муносибот миёни муассисаҳои нақлиётӣ, операторони нақлиётии мултимодалӣ, таъминкунандагон ва қабулкунандагони бору маҳсулот ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ки хизмтрасонии мултимодалиро анҷом дода, аз номи соҳиби бор амал мекунанд, дарҷ ёфтааст. «Дар санади мазкур ҳамчунин ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти ҳар як иштирокчии раванди ҳамлу нақли бор муайян карда шудааст», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.