Барои сохтмони бинои саввуми хона-интернати «Чорбоғ» 3,5 млн. сомонӣ маблағи буҷа масраф гардид

Date:


Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта бинои саввуми хона-интернат барои кӯдакони ноқисулақл ва маъюби деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари хона-интернати мазкур Мавлуда Саидаҳмадова иттилоъ дод, баҳри сохтмони бинои саввуми хона-интернати «Чорбоғ» 3,5 млн. сомонӣ маблағи буҷа масраф гардида, он барои тарбияи 20 кӯдаки маъюб ва 20 нафар волидайни онҳо ҷиҳати омӯзиш пешбинӣ шудааст. «Ҳамчунин низоми гармидиҳии хона-интернат низ мавриди истифода қарор гирифта, он қодир аст, се бинои интернатро бо гармӣ таъмин созад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи сарвари интернат, қабули кӯдакони маъюб баҳри тарбия дар бинои саввум аз 1-уми июл оғоз мегардад ва аллакай рӯйхтаи онҳо таҳия шудааст. «Ҳайати шахсии кормандони инернат дар маҷмӯъ 165 нафарро ташкил дода, ҳар моҳ ҳукумати ҷумҳурӣ барои тарбияи 1 кӯдак дар интернат 820 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки соли равон барои интернат аз буҷа 1 млн. 967 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода мешавад.

 




Номбурда афзуд, феълан дар хона-интернат 185 нафар кӯдакони ноқисулақл ва маъюб бо тарбия фаро гирифта шудаанд. «Корҳои сохтмонии бинои чаҳоруми интернат соли 2010 шурӯъ мешаванд», – афзуд сарвари хона-интернат.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...