Бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз як синфхонаи компютерӣ кушода шуд

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар бинои асосии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз як синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо техникаи зарурӣ кушода шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ифтитоҳи синфхона вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо хатмкунандагон ва собиқадорони соҳа мулоқот орост. Дар маърӯзаи худ вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки рушди бахши кишоварзӣ аслан ба кадрҳои соҳибтахассус вобаста аст. Ӯ зарурати робитаи зичи кадрҳои илмии донишгоҳ бо соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро таъкид сохт.




           

Ба гуфтаи ӯ, табодули таҷрибаи муосир ва шаклҳои замонавии тарбияи кадрҳо омили пешравии соҳа мебошанд.




           

Зимни мулоқот зикр гардид, ки то имрӯз донигоҳи кишоварзиро 35 ҳазор нафар мутахассисон хатм карда, айни замон дар самтҳои гуногуни бахши кишоварзии кишвар фаъолият доранд. Соли равон донишгоҳи мазкурро боз 718 нафар мутахасисон хатм мекунанд, ки 41 нафари онҳо соҳиби дипломи сурх хоҳанд гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...