Дар ноҳияи Варзоб 50 кило ҳероин мусодира гардид

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20-уми июн дар посгоҳи назоратии «Чорбоғ» кормандони БДА автомашинаи «


Toyota




Avensis


»-и мутааллиқ ба сокини шаҳри Душанбе С.С.-ро манъ месозанд, ки як мусофири дигар – сокини ноҳияи Вахш Т.А. низ дар он ҳузур дошт. «Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина 50 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар вазорат.




           

Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати муайян кардани соҳиби бор ва дигар шахсони дар ин кор дастдошта чораҳо меандешанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...