ВКД нисбат ба аъмоли созмондиҳандагони ширкати шабакавии «Invite to try» парвандаи ҷиноӣ боз кард

Date:


Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воридшавии аризаҳои ҷабрдидагон аз фаъолияти гурӯҳи фиребгарон, ки худро корманди ширкати шабакавии «Invite to try» муаррифӣ месохтанд, идома дорад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, созмондиҳандагони ширкати шабакавии низоми маркетингӣ се сокини ноҳияи Шаҳринав – Фирӯза Ниёзова, Сотихон Каримов ва Шералӣ Азимов ва ду сокини ноҳияи Ваҳдат – Замрра Хоҷаева ва Маҳбуба Мӯсоева мебошанд, ки ба боварии одамон даромада, онҳоро ба «тиҷорат»-и худ ҷалб мекарданд. «Шахсони ҷалбшударо зарур буд, ки маблағҳои худро ба тиҷорат гузошта, боз касони дигарро ҷалб намоянд ва сипас даромади ҳангуфтро интизор шаванд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз аз панҷ нафар ҷабрдидагон, ки ба «тиҷорат» 70 ҳазор $ маблағгузорӣ кардаанд, аризаҳо ворид шудаанд. «Ҳамаи созмондиҳандагони ин «тиҷорат» боздошт шуда, нисбат ба аъмоли онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...