Пешвои коммунистони Тоҷикистон аз кори иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ қаноатманд нест

Date:


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – «Ман ҳамчуни намояндаи мардумӣ аз кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қаноатманд буда наметавонам», – изҳор дошт пас аз анҷоми кори иҷлоисияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ роҳбари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.




Ба гуфтаи ӯ, иҷлосияи гузашта ба ҳалли мушкилоти марбут ба иқтисод, молия, муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини аҳолӣ бо манзили зист ва ғайра мусоидат карда натавонист. «Мо ҳукумати ҷумҳуриро натавонистем водор созем, ки дар давраи бӯҳрони молӣ самти сиёсати иқтисодиро аз низоми монетарӣ ба рушди бахши воқеии иқтисоди миллӣ равона созад», – гуфт ӯ.



Ш.Шабдолов ҳамчунин аз он изҳори таассуф кард, ки натавонист ҳамтоҳои худро водор созад, ки аз қабули нодурусти баъзе қонунҳо, аз ҷумла, ҷорӣ сохтанӣ пардохти маблағ барои истифодаи роҳ худдорӣ варзанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...