Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияти МН МО ҶТ дар давраи иҷлосияи панҷум ҳисобот дод

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати саввум ба кори худ хотима бахшида, намояндагони мардумӣ ба таътили тобистона баромаданд. Дар ҳисоботи худ раиси МН МО ҶТ Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки дар ҷараёни иҷлосияи панҷум 39 ҷаласаи шӯро, 23 ҷаласаи парлумон баргузор гардида, 148 […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати саввум ба кори худ хотима бахшида, намояндагони мардумӣ ба таътили тобистона баромаданд.




Дар ҳисоботи худ раиси МН МО ҶТ Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки дар ҷараёни иҷлосияи панҷум 39 ҷаласаи шӯро, 23 ҷаласаи парлумон баргузор гардида, 148 қонун ва тағйирот ба он қабул карда шудааст ва 3 лоиҳаи қонун ба коркарди дубора баргардонида шудааст. «Таваҷҷӯҳи асосӣ ба амалисозии бандҳои паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ тавассути қабули қонун ва қарорҳои дахлдор равона гардидааст», – гуфт дар маърӯзаи худ С.Хайруллоев.



Ба гуфтаи С.Хайруллоев, қонунҳои қабулшудаи ҶТ «Дар бораи ҳадди аққали музди рӯзгузаронӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии ҶТ», ворид сохтани тағйироту илова ба Кодекси андози ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷаи давлатӣ» бояд ба рафъи муваффақонаи бӯҳрони молӣ мусоидат намоянд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.