Ҳалокати мудири қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносӣ бар асари муноқиша

            Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тртиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тртиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», – гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.





           

Ба гуфтаи ҳамкорони табиби фавтида, ҳамон рӯз, яъне 27-уми июн Х.Бобокалонов пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ба тарабхона дар маркази шаҳр баҳри нӯшидани оби ҷав (пиво) мераванд. Пас аз хайрухуш Х.Бобокалонов ба Хонаи матбуот назди модараш раҳсипор мегардад ва дар роҳ ӯро кормандони милиса боздошт менамоянд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳудуди 15 нафар кормандони милиса зӯран мехоҳанд ӯро ба мошини милиса тела диҳанд ва дар роҳ ӯ ба ҳалокат мерасад», – гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандони беморхона.




           

Ба қавли табибон, Х.Бобокалонов дар соҳаи худ яке аз пизишкони соҳибтаҷриба маҳсуб гардида, бо варзиш сарукор дошт, солим буд ва аз машрубот сӯиистеъмол намекард.




           

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хешовандони марҳум, дар ҷисми фавтида доғҳои кабуд ба мушоҳида расидаанд. «Натиҷаҳои ташхис имрӯз маълум мешаванд», – гуфт яке аз хешони наздики Х.Бобокалонов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.