Итттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои ҷадид дар бахши тандурустӣ ва кишоварзии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ба маблағи умумии наздик ба 3,5 млн. Евро шаш лоиҳаи ҷадид дар бахши тандурустӣ ва кишоварзии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Афзудани даромадҳо ва беҳбуди меъёрҳои ҳаёт дар вилоятҳои […]

root



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ба маблағи умумии наздик ба 3,5 млн. Евро шаш лоиҳаи ҷадид дар бахши тандурустӣ ва кишоварзии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Афзудани даромадҳо ва беҳбуди меъёрҳои ҳаёт дар вилоятҳои Суғду Хатлон» амалӣ мегардад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, барнома ҷиҳати мусоидат ба ҷамоатҳои осебпазир барои тавсеъаи имконоти ба даст овардани даромад, беҳбуди вазъи пешгирии бемориҳо, таҳкими амнияти ғизоӣ, рушди зерсохтори аввалия, густариши имконоти омӯзиш ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ мешавад.




 

«Лоиҳаҳо тавассути шаш шарикони иҷрокунанда, ки баҳри амалисозии барнома ба маблағи ҳудуди 870 ҳазор Евро саҳми худро ворид месозанд, дар давоми солҳои 2009-2010 татбиқ мегарданд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.