КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳамлу нақли мусофирон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16 млн. сомонӣ хисорот бардошт

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Корхонаи воҳиди дапвлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхона аз ҳамлу нақли мусофирон 16 млн. сомонӣ хисорот бардоштааст.             Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон дар […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Корхонаи воҳиди дапвлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхона аз ҳамлу нақли мусофирон 16 млн. сомонӣ хисорот бардоштааст.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи зиёда аз 15 дарсад коҳиш ёфтааст. «Яке аз сабабҳои асосии коҳиши мусофирон – кам шудани квотаи ҷойи корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, таҳти назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти онҳо дар қаламрави Русия ва аз ҷониби Русияву Ӯзбакистон дар оғози сол ҷорӣ сохтани тарофаҳои нави убури қаламрави ин кишварҳо бо роҳи оҳан аст», – гуфт ӯ.




           

В.Собкалов мегӯяд, бо сабабҳои дар боло зикршуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ арзиши роҳкиро ба самти Русия ба таври қобили мулоҳиза боло рафт. «Тариқи гуфтушунидҳои пайваста ба мо муясссар гардид, ки Русияву Ӯзбакистонро водор созем, арзиши убури қаламрвави ин кишварҳоро боз дар ҳаҷми 25 дарсад коҳиш дода, ба сатҳи соли гузашта расонем ва дар навбати худ, мо дар муқоиса бо моҳи ахири семоҳаи аввали соли ҷорӣ арзиши чипатҳоро 300 сомонӣ арзонтар кардем», – гуфт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар робита ба коҳиши шумори мусофирон лозим омад, ки шумори чанде аз хатсайрҳо низ кам карда шавад. «Хатсайри чаҳоруми қатораи мусофирбари самти Душанбе-Маскав, хатсайри саввуми қатораи Кӯлоб-Маскав ва як хатсайри қатораи Хуҷанд-Маскав қатъ карда шуданд», – афзуд В Собкалов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.