Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи нави санҷиши чароғҳои каммасраф ба кор даромад

            Душанбе. 10-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии озмоишгоҳи нави санҷиши чароғҳои кммасраф дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор шуд.             Ба қавли сардори раёсати таъмини   метрологии истеҳсолот ва бақайдгирии агентӣ Ҷӯрахон Раҳимов, дар озмоишгоҳ дар баробари санҷиши дастгоҳҳои дигари барқӣ, санҷиши чароғҳои каммасраф низ ба роҳ монда шудааст. «Қаблан […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии озмоишгоҳи нави санҷиши чароғҳои кммасраф дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор шуд.





           

Ба қавли сардори раёсати таъмини

 

метрологии истеҳсолот ва бақайдгирии агентӣ Ҷӯрахон Раҳимов, дар озмоишгоҳ дар баробари санҷиши дастгоҳҳои дигари барқӣ, санҷиши чароғҳои каммасраф низ ба роҳ монда шудааст. «Қаблан мо имкони санҷиши чароғҳои камммасрафро надоштем, вале бо харидории технологияи тоза аз хориҷи кишвар, акнун метавонем дар як вақт то 50 дона чунин чароҳҳоро низ мавриди санҷиш қарор диҳем», – гуфт ӯ.




           

Номбурда зикр намуд, ки айни замон дар бозорҳои кишвар чароғҳои каммасрафи истеҳсоли Русия, Ҳиндустон ва Туркия фурӯхта мешаванд, вале воридоти ин мол бештар аз Чин ба назар мерасад, ки пас аз санҷиш ба чунин хулосае расидаанд ки сифати чароғ на ба кишвари истеҳсолкунанда, балки ба ширкати истеҳсолкунанда вобаста аст. «Барои ба фиреб дучор нагардидан, харидор бояд аз фурӯшанда гувоҳномаи мутобиқат ба меъёрро талаб намояд ва сипас метавонад онро ба назди мо баҳри санҷиш пешниҳод созад», – афзуд Ҷ.Раҳимов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.