Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳайати Покистон таҳти роҳбарии менеҷери кулли ширкати «Army Welfare Trust» С.К.Оракзай масоили дурнамои рушду тавсеъаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни боздид ҳайати Покистон ният дорад, бо Тоҷикистон оид ба воридоти семент ба Тоҷикистон созишнома ба имзо расонад. «Ба ин масъала ҳамаи аъзои ҳайат, аз ҷумла, роҳбарони корхонаи истеҳсоли сементи «Askary Cement» Абдул ҶАббор Бхтаи ва Муҳаммад Муштоқ Хатак таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки ҳайати Покистон ба харидории ангишт аз Тоҷикистон баҳри таъмини саноати кишвараш мароқ зоҳир сохтааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори ҶТ, муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ 3001,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 маротиба бештар аст.



