Дар соҳили обанбори Норак боқимондаҳои нишонаҳои зиндагии одамон дар давраи неолит бозёфт шуданд

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Академияи улуми ҶТ зиёда аз 250 кори илмӣ, 20 китоб ва монография, маҷмӯаҳои илмӣ ва беш аз 230 мақолаи илмӣ ба нашр расониданд. Зимни нишасти хабарӣ ноиби президенти академия Мӯсо Диноршоев изҳор дошт, ки олимони тоҷик барои ихтирооти нави худ соҳиби 2 патент […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Академияи улуми ҶТ зиёда аз 250 кори илмӣ, 20 китоб ва монография, маҷмӯаҳои илмӣ ва беш аз 230 мақолаи илмӣ ба нашр расониданд.




Зимни нишасти хабарӣ ноиби президенти академия Мӯсо Диноршоев изҳор дошт, ки олимони тоҷик барои ихтирооти нави худ соҳиби 2 патент шуданд. Дар мавриди дастовардҳои Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии АУ ҶТ, номбурда гуфт, олимони ин пажӯҳишгоҳ тарзи нави коркарди сарчашмаҳои дорои уранро таҳия сохтаанд.



М.Диноршоев ҳамчунин изҳор дошт, дар ин давра олимони Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ дар соҳили обанбори Норак боқимондаҳои нишонаҳои зиндагии одамон дар давраи неолитро дарёфт намуданд.



Мавсуф зикр кард, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар 7 шӯрои диссертатсионӣ 28 корҳо, аз ҷумла 5 кори докторӣ, 23 кори илмии номзадӣ дифоъ гардиданд, ки аз он 1 кори докторӣ ва 5 кори номзадӣ ба кормандони АУ ҶТ тааллуқ доранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.