Покистон бо Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақли транзитии молу маҳсулот шартнома ба имзо расониданист

            Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳайати Покистон таҳти роҳбарии менеҷери кулли ширкати «Army Welfare Trust» С.К.Оракзай масоили дурнамои рушду тавсеъаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни боздид ҳайати Покистон […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳайати Покистон таҳти роҳбарии менеҷери кулли ширкати «Army Welfare Trust» С.К.Оракзай масоили дурнамои рушду тавсеъаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни боздид ҳайати Покистон ният дорад, бо Тоҷикистон оид ба воридоти семент ба Тоҷикистон созишнома ба имзо расонад. «Ба ин масъала ҳамаи аъзои ҳайат, аз ҷумла, роҳбарони корхонаи истеҳсоли сементи «Askary Cement» Абдул ҶАббор Бхтаи ва Муҳаммад Муштоқ Хатак таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки ҳайати Покистон ба харидории ангишт аз Тоҷикистон баҳри таъмини саноати кишвараш мароқ зоҳир сохтааст.




           

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори ҶТ, муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ 3001,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 маротиба бештар аст.





 




 




 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.