Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо расид

            Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Залтерс изҳороти муштарак дар бораи рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории минбаъдаро ба имзо расониданд.             Ғайр аз ин, созишномаи байниҳукуматӣ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Залтерс изҳороти муштарак дар бораи рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории минбаъдаро ба имзо расониданд.





           

Ғайр аз ин, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, саноат, илму фановарӣ миёни давлатҳоро вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода ва вазири иқтисоди Латвия Артис Кампарс ба тасвиб расониданд.




           

Ҷонибҳо инчунин шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байнулмилалии нақлиётиро низ ба имзо расониданд. Дар зери санад вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Абдураҳими Ашӯр ва вазири мухобироти Латвия Каспарс Герхардс имзо гузоштанд.




           

Пас аз маросими имзои аснод президенти Тоҷикистон ба ҳамтои латвиягии худ Ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи саввумро тақдим намуд. Дар навбати худ, Валдис Залтерс ба сарвари давлати Тоҷикистон унвони олии кишвари худ – Ордени се ситораро супурд.




           

Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз президенти Латвия Валдис Залтерс бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Пагоҳ президенти Латвия аз вилояти Суғд боздид намуда, рӯзи душанбе бо фаъолияти КВД «Талко» аз наздик ошно хоҳад шуд. Сафари сарвари давлати Латвия ба Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл анҷом мепазирад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.