Феълан вазъ дар ноҳияи Тавилдара нисбатан ором аст

Date:


Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Феълан вазъ дар ноҳияи Тавилдара нисбатан ором аст», – иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ. Гурӯҳҳои кормандони милиса дар деҳаҳо миёни аҳолӣ бобати ихтиёран супоридани силоҳи оташфишон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Вазорати умури дохилӣ кафолат медиҳад, ки шахсоне, ки силоҳи оташфишонро ихтиёрӣ месупоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда намешаванд.




Раиси ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов мегӯяд, вазъ дар қаламрави ноҳия мӯътадил гардида, скоинон бо корҳои ҳамарӯзаи худ машғуланд ва ба амнияти онҳо чизе таҳдид намекунад. «Дар бораи дигар узви гурӯҳи ҷиноятпешаи мусаллаҳ дар ин ҷо ҳеҷ маълумоте надорам», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, ба мақомоти қудратии кишвар маълум шудааст, тавассути чархбол чанде аз ҷонибдорони Мирзо Зиёеви рӯзи 11-уми июл фавтида аз Тавилдара ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд, ки миёни онҳо Ҳикматулло Зиёев – бародари ӯгайи Неъмат Азизов, сардори хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тавилдара низ ҳузур дорад. «Онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва таҳқиқот идома дорад», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...