Дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зад

            Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зад, ки майдони 450 метри мураббаъро фаро гирифт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, бинобар андешидани чораҳои таъҷилӣ сӯхтор хомӯш гардида, вале коргардони кох Шамсиддин Нуриддинов бо 15 дарсади сӯхтагиҳои […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зад, ки майдони 450 метри мураббаъро фаро гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, бинобар андешидани чораҳои таъҷилӣ сӯхтор хомӯш гардида, вале коргардони кох Шамсиддин Нуриддинов бо 15 дарсади сӯхтагиҳои бадан ба беморхона мунтақил шудааст ва табибон вазъи саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ мекунанд. «Айни замон бобати муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқот гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор 30 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.




           

Мувофиқи маълумоти хадамоти оташнишонӣ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 718 ҳодисаи сӯхтор рух дода, бар асари он 50 нафар осеб дидаанд, ки аз ин миқдор 20 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи хисороти расида аз сӯхтор дар ин давра муодили 2 млн. 287 ҳазор сомонӣ аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.