Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз ба озмоишгоҳи назди Департаменти ташхиси судиву тиббии Вазорати тандурустии ҶТ таҷҳизоти махсус супурда шуд. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Барномаи рушди СММ амалӣ месозад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, таҷҳизоти мазкур баҳри ошкор сохтани маводи мухаддир дар ҷисми инсон истифода бурда мешавад. «Истифодаи таҷҳизоти мазкур ба таври қобили мулоҳиза баргузории ташхис оид ба ҷой доштани маводи мухаддир дар ҷисмро тезонида, ба гирифтани маълумоти дақиқу мушаххас мусоидат мекунад», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, арзиши умумии таҷҳизот 17 ҳазор Евро буда, моҳи августи соли ҷорӣ оид ба тарзи кор бо таҷҳизот машғулиятҳои назарияву амалӣ гузаронида мешаванд.



