Фаъолияти созмони ҷамъиятии «Алянс Миссион»-и Олмон дар қаламрави ҷумҳурӣ қатъ карда шуд

Date:



 

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ сардори раёсати сабти аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов изҳор дошт, ки тибқи даъвои вазорати мазкур чанд рӯзе қабл додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт мувофиқи қарори худ фаъолияти созмони ҷамъиятии «Алянс Миссион»-и Олмон дар қаламрави ҷумҳуриро қатъ кард, зеро созмони мазкур ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба ҷойи роҳандозии фаъолияти башардӯстона ба таблиғоти яке аз равияҳои мазҳаби христианӣ миёни аҳолӣ машғул будааст. «Созмони мазкур шурӯъ аз соли 1998 дар қаламрави ҷумҳурӣ амал мекард», – таъкид сохт ӯ.




Ба гуфтаи Д.Сулаймонов, айни замон дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт масъалаи қатъи фаъолияти боз як созмони ҷамъиятии амрикоии «Адра Интернешнл», ки он низ ба таблиғоти ғайриқонунии мазҳаби христианӣ дар Тоҷикистон машғул аст, баррасӣ мешавад. «Масъалаи қатъи фаъолияти созмони олмонии «Каритас» низ мавриди баррасӣ қарор дорад, зеро фаъолияти он ба талаботи Оинномаи созмон ва қонунгузории ҶТ ҷавобгӯ нест», – изҳор дошт номбурда.



Мувофиқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 186 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо шумули созмонҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...