Дар бахши савдои Русия зиёда аз 34 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор мебошанд

Date:



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бахши савдои Русия зиёда аз 34 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор мебошанд. Дар ин бора бо истинод ба маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.





           

Тибқи иттилои хабаргузорӣ, умуман дар бахши савдои Русия беш аз 250 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ машғули коранд, ки зиёда аз 54 ҳазор нафарашонро – шаҳрвандони Чин, беш аз 44 ҳазор нафарашонро – шаҳрвандони Ӯзбакистон ва ҳамин миқдорро шаҳрвандони Ветнам ташкил медиҳанд.




           

Гуфта мешавад, дар ин бахш дар Русия ҳамчунин 12 ҳазор нафар шаҳрвандони Қирғизистон, зиёда аз 13 ҳазор нафар шаҳрвандони Украина ва беш аз 12 ҳазор нафар шаҳрвандони Озарбойҷон низ фаъолият мекунанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...