Эмомалӣ Раҳмон Қурмонбек Боқиевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президенти Қирғизистон табрик кард

Date:


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-плюс» – Нимаи дуввуми дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Қурмонбек Боқиев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.




Сарвари давлати Тоҷикистон Қурмонбек Боқиевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президенти Қирғизистон самимона табрику таҳният карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо орзу намуд.



Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории судманди дуҷонибаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд .



Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масоили муҳими минтақавӣ ва байнулмилии мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳо табодули афкор намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...