Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 23-юми июл дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар заминаи корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта фарма Лимитед»-и Тоҷикистону Ҳиндустон, ки зиёда аз 10 сол пештар таъсис дода шуда буду амалан ба ҳеҷ фаъолияте машғул набуд, корхонаи нави муштараки «ТоҷДелфарм»-и Тоҷикистону Миср таъсис меёбад. «Ширкати дорусозии «Делта-фарма» (Миср) 35 дарсади саҳмияҳои ширкати мазкурро харидорӣ намуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, барои оғози фаъолияти корхонаи «Тоҷделфарм» фонди оинномавии он то 5 млн. $ зиёд карда шуда, ҳиссаи ҷониби Миср – 55 дарсад ва ҷониби Тоҷикистон 45 дарсадро ташкил медиҳад. «Маросими ифтитоҳи расмии корхона пас аз анҷоми таъмин сохтани он бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст», – афзуд Н.Салимов.


