Дар ҷараёни татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар 85 дарсади корҳо ба анҷом расиданд

Date:



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ директори лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар» Исмонқул Шоқулов изҳор дошт, ки айни замон дар ҷараёни татбиқи марҳилаи дуввуми сохтмони роҳ 56,2 дарсад (8,94 млн. $) аз ҳаҷми умумии маблағҳо азхуд карда шуда, татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳа дар мӯҳлати пешбинишуда – моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид.




Ба гуфтаи мавсуф, масофаи умумии роҳ дар марҳиллаи дуввум 9,75 километрро ташкил дода, то имрӯз дар


8 километр

корҳо ба сомон расидаанд, ки ба 85 дарсад аз ҳаҷми умумии корҳо баробар аст. «Ҳафтаи гузашта бо ҷараёни корҳо дар сохтмон муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва вазири нақлиёту коммуникатсия Абдураҳим Ашӯр шинос гардида, аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки сармоягузорони лоиҳа – намояндагони Бонки рушди Осиё низ ҷараёни корҳои сохтмонро хуб арзёбӣ намуда, ба маблағгузории марҳилаи саввуми сохтмон изҳори омодагӣ кардаанд.



Қобили зикр аст, ки амалисозии марҳилаи дуввуми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингард 1-уми декабри соли 2007 оғоз гардида, анҷоми он дар мӯҳлати 22 моҳ пешбинӣ шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...