Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи
III
-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фаннӣ дар Исломобод бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба, доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон бобати ҳамасола даъват кардани ҳамоиши тиҷоратии муштарак ба мувофиқа расиданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо истифодаи нокофии имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд карда, ҳар сол дар яке аз кишварҳо созмон додани ҳамоиши тиҷоратии муштаракро зарур донистанд.
Зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масоили доир сохтани конфронсу семинарҳо оид ба қонунгузориҳо дар бахши савдои ҳар ду кишвар, таҳияи захираи маълумот дар бораи имконоти сармоягузорӣ, тавсеъаи ҳамкориҳои мустақим миёни намояндагони соҳибкории хурду миёна, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди санги мармар, канданиҳои фоиданок, истеҳсоли матоъ, пойафзол, масолеҳи сохтмон ва ғайра низ баррасӣ шуданд.


