Қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон муваққатан қатъ карда шуд

Date:



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҶТ эълом дошт, ки қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсиияи Тоҷикистон муваққатан қатъ карда мешавад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар робита ба ин масъала вазорат аз ҳамаи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба ин донишкада супорида буданд, хоҳиш мекунад, ки ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, то 31-уми июл ба дигар муассисаи таълимӣ супоранд.



Дар Вазорати маорифи ҶТ мегӯянд, фаъолияти донишкадаи мазкур ба



муқаррароти асноди меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар ҷумҳурӣ мутобиқ нест. «Худи донишкада фаъолияташро қатъ намсеозад ва донишҷӯёне, ки дар он таҳсил мекарданд, ба таҳсили худ идома хоҳанд дод», – афзуд Н.Нуралиев.




           

Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Баъдтар, соли 2006 он ба Донишгоҳи гуманитарӣ табдили ном кард. Моҳи апрели соли 2007 он Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 ҳазору 700 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли гузашта ба донишкада 543 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Арзиши солонаи шартномаи таҳсил дар донишкада ба 500 доллари ИМА баробар аст. Айни замон дар донишкада 7 факулта – информатика, иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент, низомҳои иттилоотӣ ва технология, муносиботи байнулмилалӣ, таъмини лингвистии коммуникатсияҳои байнифарҳангӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ амал мекунанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...