Коршиносони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи Консепсияи ҳамкорӣ дар бахши фарҳангро таҳия месозанд

Date:



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-29-уми июл дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаи мукаммали Консепсияи ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, санади мазкур маҷмӯи назару ақидаҳо ва пешниҳодоти расмӣ ба аҳдоф, вазифаҳо ва самтҳои асосии ҳамкориҳо дар бахши фарҳангро дар бар мегирад. «Масалан, дар он усулҳои ҳамкорӣ дар кори нигаҳдории осори фарҳангӣ, дастгирии санъати театриву мусиқӣ ва рассомӣ, рушди индустрияи фарҳанг дарҷ ёфтаанд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, амалисозии Консепсия барои ҳамгиройии кӯшишоти кишварҳои иттиҳод дар самти пос доштан ва рушди фарҳанги миллии кишварҳо шароити мусоид фароҳам хоҳад кард.




 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related