Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай вориди Душанбе шуд

Date:



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари кории дурӯза вориди Тоҷикистон шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ворид гардидан ба Тоҷикистон Ҳомид Карзай бо сарвари давлати Тоҷикистон гуфтушунид кардааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, чанде баъдтар президенти Афғонистон дар маросими гузоштани хишти аввали таҳкурсии бинои сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон, ки дар микрорайони 82-уми пойтахт бунёд мегардад, ширкат хоҳад варзид.



          Нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...