Шурӯъ аз оғози сол дар Покистон 250 нафар узви ҲИӮ боздошт шуданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ ҳузур доранд

            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –   Имрӯз дар мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистону Покистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Раҳмон Малик изҳор гардид, ки шурӯъ аз оғози сол дар Покистон 250 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боздошт шуданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ ҳузур доранд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Имрӯз дар мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистону Покистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Раҳмон Малик изҳор гардид, ки шурӯъ аз оғози сол дар Покистон 250 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боздошт шуданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ ҳузур доранд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои вазоратҳои умури дохилии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷониби Тоҷикистон барои баррасӣ лоиҳаи Созишнома дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм дар сатҳи байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ ва лоиҳаи қарордоди байниидоравӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткориро пешниҳод сохтааст.



«Раҳмон Малик пешниҳоди имзои қарордоди байниидоравиро дастгирӣ карда, ҷониби Тоҷикистонро мӯътақид сохт, ки Покистон баҳри муқобилат бо терроризм ва пурсамар гардонидани фаъолияти ҷонибҳо дар ин самт тамоми чораҳоро хоҳад андешид», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.