Аъзои иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон раиси худро интихоб карданд

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯи Забиров бори дигар раис интихоб гардид.





           

Дар ҷаласа масъалаи ҷараёни иҷрои чорабиниҳои «Барномаи беҳбуди фаъолияти соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Номзадии раиси Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон – Иззатулло Лаълбеков, раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон Зайд Саидов ва раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрӯй Забиров ба узвияти Шӯрои ҳамоҳангсоз дар Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар назди президенти Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.




           

Ҳамчунин дар ҷаласа Муқаррароти Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодия қабул гардида, Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳои тиҷоратии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар ҳайати 11 нафар аъзои Дафтари шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...