Дар Душанбе маҷаллаи нави нашри Русия дар бораи Тоҷикистон муаррифӣ шуд

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҷаллаи нав дар бораи Тоҷикистон – «Original Tajikistan» баргузор шуд.             Маҷаллаи мазкур дар вилояти Твери Русия нашр шуда, муассиси он ҶДММ «Ориҷинал-медиа» аст.             Дар маросими муаррифинома сардабири маҷалла Ганҷина Майбалиева изҳор дошт, ки нашри маҷаллаи нав як риштае […]

Алёна Архипова



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҷаллаи нав дар бораи Тоҷикистон –


«Original Tajikistan» баргузор шуд.





           

Маҷаллаи мазкур дар вилояти Твери Русия нашр шуда, муассиси он ҶДММ «Ориҷинал-медиа» аст.




           

Дар маросими муаррифинома сардабири маҷалла Ганҷина Майбалиева изҳор дошт, ки нашри маҷаллаи нав як риштае хоҳад буд баҳри пайванди тоҷикистониён бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва бунёди симои мусбати давлати тоҷикон мусоидат хоҳад кард. «Бо нашри маҷаллаи «Original Tajikistan» мо ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ карданием», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи номбурда, дар маҷалла сарчашмаҳои маълумоти оригиналии шавқовар ва маводи бахшида ба мавзӯъҳои муносибати ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба чоп хоҳад расид. «Феълан ба Тоҷикистон 10 ҳазор нусха ҳамчун тӯҳфа оварда шуда, дар оянда аз ҳар шумораи он то 15 ҳазор нусха ба Тоҷикистон ирсол хоҳем кард», – афзуд Г.Майбалиева.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.