Имрӯз нозирони байналмиллалӣ конфронси матбуотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор менамоянд

Душанбе. 1 март. «Азия-Плюс» – /Амрита Каргизова/ – Миссияи байнамиллалии нозирони интихобот оид ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон изҳороти аввалии баъд аз интихоботии худро дар конфронси матбуотӣ имрӯз, 1 март, дар шаҳри Душанбе пешкаш менамояд. Чи тавре ки ба «АП» на Бюрои САХА хабар доданд, ин иқдоми муштараки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои башари САҲА […]

Амрита Каргизова


Душанбе. 1 март. «Азия-Плюс» – /Амрита Каргизова/ – Миссияи байнамиллалии нозирони интихобот оид ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон изҳороти аввалии баъд аз интихоботии худро дар конфронси матбуотӣ имрӯз, 1 март, дар шаҳри Душанбе пешкаш менамояд.


Чи тавре ки ба «АП» на Бюрои САХА хабар доданд, ин иқдоми муштараки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои башари САҲА (ДНДҲБ/САҲА), Ассамблеяи Парлумонии САҲА (АП САҲА) ва Парлумони Аврупо (ПА) мебошад.


Изҳороти аввалиро ноиби Президенти АП САҲА ва ҳамоҳангсози махсуси нозирони кӯтоҳмуддати САҲА, Пия Крисмас-Мюллер пешниҳод менамояд, ки онро баъдан роҳбари ҳайати ПА Елизабет Ҷеггл ва роҳбари Миссияи нозиронии дарозмуддати ДНДҲБ/САҲА оид ба интихобот Артис Пабрикс давом медиҳанд.


Миссияи байналмиллалии нозиронии интихобот дар маҷмӯъ аз 261 нозирон аз 42 кишвар иборат буда, 200 нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро, ки аз ДНДҲБ/САҲА равона шудаанд, ҳамчунин 49 аъзои парлумон ва кормандони АП ва 12 нафар аз ПА-ро дар бар мегирад.


Конфронси матбуотӣ соати 14:30 дар бинои меҳмонхонаи Hyatt дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.