Дар «Саховат» истгоҳҳои махсуси зеризаминӣ барои нақлиёт сохта мешаванд

Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» – | Ояндаи наздик дар қарибии бозори «Саховат» истгоҳҳои зеризаминӣ барои нақлиёт сохта мешаванд, ки интизор аст ҳаракати мошинҳоро дар ин ноҳия сабуктар кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ феълан ноҳияи мазкур барои таъсиси чунин […]

Asia-Plus

Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» – | Ояндаи наздик дар қарибии бозори «Саховат» истгоҳҳои зеризаминӣ барои нақлиёт сохта мешаванд, ки интизор аст ҳаракати мошинҳоро дар ин ноҳия сабуктар кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ феълан ноҳияи мазкур барои таъсиси чунин истгоҳҳо ниёзи бештаре дорад.

«Аз сабаби нарасидани истгоҳҳо барои нақлиёт дар ин минтақаи шаҳр, мушкили дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёд ба мушоҳида мерасад,- илова намуд директори агентӣ. –Шояд барои ҳали ин мушкил масъалаи таъсиси истгоҳҳои зеризаминӣ баррасӣ шавад».

Мушкили мазкур дар дигар бозори шаҳр – «Корвон» низ мушоҳида мешуд, аммо он бо кушодани роҳҳои даврӣ ҳали худро ёфт.

Инчунин Абдувалӣ Комилов афзуд, ки корҳои тахрибии бозори «Баракат» идома доранд.Сохтмончиён дар тахриби бозор аз эҳтиёт кор мегиранд то маводи сохтмонии он барои бунёди бозори нав қобили истифодабарӣ  бошад.

«Агентии сохтмон ва меъморӣ ният дорад бозори нав дар ноҳияи Зарафшон, яке аз ноҳияҳои бузурги  канори шаҳр , бунёд кунад» изҳор дошт Комилов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.