Раиси Бонки миллӣ ҷанги Лубнонро дар тавваруми кишвар айбдор медонад

Date:

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар баланд шудани сатҳи тавварум дар кишвар нооромиҳои Лубнонро айбдор мекунад.

«Касе интизор набуд, ки дар Лубнон ҷанг шурӯъ мешавад. Нооромиҳо дар Лубнон ба баланд шудани нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва қабл аз ҳама арзиши нафт мусоидат кард», – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, Шариф Раҳимзода.

Бу гуфтаи раиси Бонки миллӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавварум 4,5% ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% зиёд аст. Охири сол тавварум дар кадом сатҳ қарор хоҳад дошт, пешгӯи кардан душвор аст.

«Президенти кишвар дар паёми дирӯзаи худ  гуфт, ки мо бояд тавварумро дар сатҳи 7-9% нигоҳ дорем, аммо мутаасифона, он ҳаводисе, ки дар ҷаҳон имрӯз рух медиҳанд микони пешгӯи намудани тавварумро намедиҳанд», – афзуд Шариф Раҳимзода.

Бо вуҷуд, раиси Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки арзиши маҳсулоти аввалияи рӯзгор метавонад гарон шавад, аз ин рӯ захира кардани онҳо аз манфиат орӣ нахоҳад буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...