Вазорати адлияи Тоҷикистон:«Ҳизби наҳзати исломӣ ҳизби диннӣ нест»

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар се моҳаи аввали соли равон ба унвони Вазорати адлияи Тоҷикистон аризаҳои ба қайдгирии аҳзоби сиёсӣ дар қаламрави кишвар нарасидаанд, хабар медиҳад вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Ба гуфтаи вазир  имрӯз дар Тоҷикистон расман 8 ҳизби сиёсӣ […]

Расул Шодон

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар се моҳаи аввали соли равон ба унвони Вазорати адлияи Тоҷикистон аризаҳои ба қайдгирии аҳзоби сиёсӣ дар қаламрави кишвар нарасидаанд, хабар медиҳад вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Ба гуфтаи вазир  имрӯз дар Тоҷикистон расман 8 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд. Инҳо : Ҳизби халқӣ демократӣ, Коммунистӣ, Демократӣ, Сотсиалистӣ, Сосиал-демократӣ, Аграрӣ, Ҳизби наҳзати ислом ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ. Мувофиқи қонунгузории кишвар ба қайд гирифтани ҳизби динӣ дар Тоҷикистон манъ аст.

Ба суоли журналистон, ки оё ҲНИТ ҳизби динӣ аст, вазир чавоби қатъӣ дода гуфт: «ҲНИТ ҳизби динӣ нест ва характери диниро ҳам надорад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.