Фоидаи нақди ширкати «Тоҷик Эйр» 2,6 млн долларро ташкил медиҳад

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Даромади ширкати «Тоҷик Эйр» дар се моҳаи аввали соли равон 12 млн сомони (2,6 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5 маротиба зиёд аст. Тавре директори ҶСШК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исоқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, чунин даромад дар натиҷаи ба танзим даровардани […]

Зарина Эргашева

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Даромади ширкати «Тоҷик Эйр» дар се моҳаи аввали соли равон 12 млн сомони (2,6 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5 маротиба зиёд аст.

Тавре директори ҶСШК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исоқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, чунин даромад дар натиҷаи ба танзим даровардани кори ширкат ба даст омад.

«Танзими дурусти фурӯши чиптаҳо ва дастрасии онҳо ба мусофирон ба он оварда расонд, ки теъдоди мусофирони самти парвози байналхалқӣ то 20 % афзуданд. Новобаста аз он, ки шумораи парвоз дар соли равон ба маротиб кам карда шуд, мо тавонистем фоидаи бештаре ба даст орем», -иброз дошт Исоқов.

Инчунин директори ширкати хавопаймоӣ гуфт, ки парвозҳои дохилӣ, ки аз ҷониби ширкат амалӣ мешаванд ҳармоҳа ба миқдори наздики 150 ҳазор доллар хисорот меоранд.

«Ин  ба гароншавии пайвастаи нархи хизматрасониҳои замонавии ҳавопаймоӣ ва сӯзишворӣ вобаста аст. Агар пешниҳоди мо дар хусуси  паст кардани нархо ба чунин хизматрасонӣ барои парвозҳои дохилӣ дастгирӣ ёбад, мо метавонем  павроз дар хатсайри Курғонтеппа, Кулоб ва Панҷакентро барқарор кунем», –  изҳор дошт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.