Раиси Бонки миллӣ ҷанги Лубнонро дар тавваруми кишвар айбдор медонад

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар баланд шудани сатҳи тавварум дар кишвар нооромиҳои Лубнонро айбдор мекунад. «Касе интизор набуд, ки дар Лубнон ҷанг шурӯъ мешавад. Нооромиҳо дар Лубнон ба баланд шудани нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва қабл аз ҳама арзиши нафт мусоидат кард», – изҳор дошт зимни нишасти […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар баланд шудани сатҳи тавварум дар кишвар нооромиҳои Лубнонро айбдор мекунад.

«Касе интизор набуд, ки дар Лубнон ҷанг шурӯъ мешавад. Нооромиҳо дар Лубнон ба баланд шудани нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва қабл аз ҳама арзиши нафт мусоидат кард», – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ, Шариф Раҳимзода.

Бу гуфтаи раиси Бонки миллӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавварум 4,5% ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% зиёд аст. Охири сол тавварум дар кадом сатҳ қарор хоҳад дошт, пешгӯи кардан душвор аст.

«Президенти кишвар дар паёми дирӯзаи худ  гуфт, ки мо бояд тавварумро дар сатҳи 7-9% нигоҳ дорем, аммо мутаасифона, он ҳаводисе, ки дар ҷаҳон имрӯз рух медиҳанд микони пешгӯи намудани тавварумро намедиҳанд», – афзуд Шариф Раҳимзода.

Бо вуҷуд, раиси Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки арзиши маҳсулоти аввалияи рӯзгор метавонад гарон шавад, аз ин рӯ захира кардани онҳо аз манфиат орӣ нахоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.