Вазорати маорифи Тоҷикистон имкониятҳои нави таҳсили донишҷӯён дар ИМА-ро меҷӯяд

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – Миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои вазири маориф – Абдуҷаббор Раҳмонов ва Колеҷи ҷамъиятии иёлоти Вирҷини (NOVA)- и ИМА, дар симои ноиби президенти колеҷ Полл Маквей,таърихи 20 апрел дар шаҳри Душанбе, меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Тавре вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов иброз дошт, ҳуҷҷати мазкур бо мақсади дастгирии […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – Миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои вазири маориф – Абдуҷаббор Раҳмонов ва Колеҷи ҷамъиятии иёлоти Вирҷини (NOVA)- и ИМА, дар симои ноиби президенти колеҷ Полл Маквей,таърихи 20 апрел дар шаҳри Душанбе, меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Тавре вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов иброз дошт, ҳуҷҷати мазкур бо мақсади дастгирии толибилимон, донишҷӯён, аспирантҳо ва омӯзгорон барои гирифтани таҳсили фаннӣ дар хориҷа ба тасвиб расид.

Ба гуфтаи ноиби президенти колеҷи NOVA Полл Макквей, колеҷи мазкур дуввумин бузургтарин муассисаи таълимии Амрико маҳсуб гашта, дар он беш аз 78 ҳазор донишҷӯ аз 180 давлати ҷаҳон аз рӯйи 170 ихтисос таҳсили илм доранд.

«Колеҷи мо бо муассисаҳои бонуфузи олии Амрико созишнома дорад. Мувофиқи он хатмкунандагони коллеҷ имкон доранд бидуни озмун таҳсили худро дар ин муассисаҳо идома диҳанд. Аммо пас аз хатми коллеҷ аксарият ба кор шуруъ мекунанд, зеро алакай мутахассис маҳсуб мегарданд»,- афзуд Полл Макквей.

Меморандум барои се сол имзо шуда дар доираи  амалисозии он тарафҳо воситаҳои ҳамкориро ба манфиати теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик, ки дар Амрико таҳсили илм карданиянд, баррасӣ хоҳанд кард.

Бояд қайд кард, ки зимни вохӯрӣ чунин меморандуми ҳусни тафоҳум миёни коллеҷи NOVA ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналхалқӣ»-и назди Вазорати маорифи кишвар ба тасвиб расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.