Бар асари инфиҷор дар ноҳияи Рӯдакӣ 6 нафар ҷароҳат бардоштанд

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи таркиш, ки рӯзи 20 апрел дар ноҳия Рӯдакӣ ба амал омад, 6 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ду тан аз захмбардоштаҳо дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд. Тавре аз ВКД ба «АП» хабар доданд, сокини ҷамоати Чоргултеппа – Умар Саидови 38 сола дар муносибати беэҳтиётона бо маводи тарканда […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи таркиш, ки рӯзи 20 апрел дар ноҳия Рӯдакӣ ба амал омад, 6 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ду тан аз захмбардоштаҳо дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд.

Тавре аз ВКД ба «АП» хабар доданд, сокини ҷамоати Чоргултеппа – Умар Саидови 38 сола дар муносибати беэҳтиётона бо маводи тарканда гумонбар мешавад. Гуфта мешавад гумонбар норинҷакро дар тамрингоҳи низомии Лоҳур, воқеъ дар қаламрави ин ноҳия дарёфт кардааст.

«Мақсади овардани норинҷак ба бозори марказии ноҳия ҳанӯз маълум нест.  Бар асари инфиҷор 6 нафар , аз ҷумла соҳиби маводи тарканда захм бардоштанд. Ду нафар Садриддин Авғонови 23 сола ва Кувандик Икромови 70 сола дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд», – хабар медиҳад манбаъ.

Ба ҷойи ҳодиса  муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Ҷурахонов ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадираи Вазорати корҳои дохилӣ  Мансур Бухориев баромаданд.

Бухориев тасодуф будани инфоҷорро таъйид карда гуфт «кунҷкобии мардуми мо ба чунин натиҷа оварда мерасонад».

Ба гуфтаи ӯ, Умар Саидов норинҷакро бо мақсади намоиш додани он ба мағозаи худ овардааст.

«Саидов норинҷакро ба дӯсташ ҳаво додааст, вале дуввуми онро қапидан натавонист. Дар натиҷа таркиш ба амал омад», изҳор дошт Бухориев.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.