Ҷонибек Мурод: “Ман мехоҳам ягона писарам қории қуръон шавад”!

Date:

Ҷонибеки Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ба тадриҷ қуллаҳои баландро  дар хориҷ аз Тоҷикистон фатҳ мекунад, ҳанӯз дар шашсолагӣ ба дунёи мусиқӣ ворид шуд. Фаъолияти эҷодияшро соли 2005 дар гурӯҳи хуҷандии “Боло”шурӯъ кардаву баъдан овозхони гурӯҳи “Вазир” буд.

Аммо шӯҳрат ба Ҷонибек баъд аз он, ки дар танҳоӣ фаъолияти овозхонияшро ба роҳ монд ёр шуд. Аллакай чаҳор албоми худро ба бозор ироа намудааст. Исми охирин албомаш – «Ман на манам, на ман манам» номгузорӣ шуд, ки бархе аз оҳангҳояшро Ҷонибек дар ҳамовозӣ бо падараш Ҷурабек Муродов,  овозхони саршиноси тоҷик иҷро намуд.

Ҷойзадори чандин озмунҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аст ва ҳамасола барномаҳои ҳунарияш дар Амрикову Аврупо доир мешаванд.

Ҷонибек мегӯяд, дар таърихи мусиқии тоҷик ин аввалин клипест, ки бо чунин маблағи ҳангуфт таҳия мешавад. Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад ва ҳадафи аслияш муаррифии мусиқии тоҷик ба ҷаҳониён аст. Оиладор ва як фарзанд дорад.

Ҷонибек Муродов дар ҳисобаш аллакай се албоми бобарор дорад. Лекин пайдоиши албоми навро дӯстдорон бо бетоқатии махсус интизор буданд – ба ҳар ҳол шӯҳрати ҳофиз беҳад зиёд гашт. Ба албоми нав таронаҳои аз ҳама машҳури ҳофиз дар солҳои 2009-2010 дохил гаштанд, дар баробари ин аксарияти таронаҳо дар оҳанги қатъиян нав ва ғайриоддӣ пешниҳод шудаанд.

МЕДИА (Youtube Embed)

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. ba ustod Jonibeki Murod !

    Agar niyati shumo sodiq boshad in sho olloh ki
    ba maqsad khohed rasid
    hofizi quron budan baroi tojik manoi merosbari
    niegoni moro dorad
    Albatta sarfi nazar az kasbi ikhtier kardaash
    agar quronro donad albatta pisaraton habibi khudoi
    buzurg khohad bud

Leave a Reply to zuhuridini nuridin Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related