Вазорати адлия тасмим дорад назорат аз болои иҷрои ҳалномаҳои судиро қавӣ гардонад

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмим дорад назорат аз болои ҳалномаҳои судиро қавӣ гардонад. Дар ин бора вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров зимни нишасти матбуотӣ, ки 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар Тоҷикистон далоили ба дарозо кашидани иҷрои ҳалномаҳоии судӣ ба мушоҳида мерасад. […]

Расул Шодон

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмим дорад назорат аз болои ҳалномаҳои судиро қавӣ гардонад. Дар ин бора вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров зимни нишасти матбуотӣ, ки 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар Тоҷикистон далоили ба дарозо кашидани иҷрои ҳалномаҳоии судӣ ба мушоҳида мерасад.

«Мо чораҳои зарурӣ барои беҳбуд бахшидани кор дар ин самтро  меандешем, ҳамоно дар ин масъала мушкилиҳо ҷой доранд ва мо онро пинҳон ва ё рад намекунем», гуфт вазир.

Феълан миёни вазорати адлияи Тоҷикистон бо вазоратҳои адлияи Русия ва Қазоқистон дар хусуси таълим гирифтани кадрҳои ҷавони точик дар марказҳои таълимии ин кишварҳо гуфтушунид  идома дорад.

«Мо кушиш дорем, ки кадрҳои мо аз таҷрибаи ҳамкасбонашон биомӯзанд. Ба чунин марказҳои таълимӣ барои таҳсил равон кардани мутахассисони мо маблағ изофӣ талаб мекунад, вале мо барои ҳали ин мушкили аз маблағи худӣ истифода мебарем», –  изҳор дошт Бахтиёр Худоёров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.