Ҷонибек Мурод: “Ман мехоҳам ягона писарам қории қуръон шавад”!

Ҷонибеки Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ба тадриҷ қуллаҳои баландро  дар хориҷ аз Тоҷикистон фатҳ мекунад, ҳанӯз дар шашсолагӣ ба дунёи мусиқӣ ворид шуд. Фаъолияти эҷодияшро соли 2005 дар гурӯҳи хуҷандии “Боло”шурӯъ кардаву баъдан овозхони гурӯҳи “Вазир” буд. Аммо шӯҳрат ба Ҷонибек баъд аз он, ки дар танҳоӣ фаъолияти овозхонияшро ба роҳ монд ёр шуд. […]

Asia-Plus

Ҷонибеки Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ба тадриҷ қуллаҳои баландро  дар хориҷ аз Тоҷикистон фатҳ мекунад, ҳанӯз дар шашсолагӣ ба дунёи мусиқӣ ворид шуд. Фаъолияти эҷодияшро соли 2005 дар гурӯҳи хуҷандии “Боло”шурӯъ кардаву баъдан овозхони гурӯҳи “Вазир” буд.

Аммо шӯҳрат ба Ҷонибек баъд аз он, ки дар танҳоӣ фаъолияти овозхонияшро ба роҳ монд ёр шуд. Аллакай чаҳор албоми худро ба бозор ироа намудааст. Исми охирин албомаш – «Ман на манам, на ман манам» номгузорӣ шуд, ки бархе аз оҳангҳояшро Ҷонибек дар ҳамовозӣ бо падараш Ҷурабек Муродов,  овозхони саршиноси тоҷик иҷро намуд.

Ҷойзадори чандин озмунҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аст ва ҳамасола барномаҳои ҳунарияш дар Амрикову Аврупо доир мешаванд.

Ҷонибек мегӯяд, дар таърихи мусиқии тоҷик ин аввалин клипест, ки бо чунин маблағи ҳангуфт таҳия мешавад. Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад ва ҳадафи аслияш муаррифии мусиқии тоҷик ба ҷаҳониён аст. Оиладор ва як фарзанд дорад.

Ҷонибек Муродов дар ҳисобаш аллакай се албоми бобарор дорад. Лекин пайдоиши албоми навро дӯстдорон бо бетоқатии махсус интизор буданд – ба ҳар ҳол шӯҳрати ҳофиз беҳад зиёд гашт. Ба албоми нав таронаҳои аз ҳама машҳури ҳофиз дар солҳои 2009-2010 дохил гаштанд, дар баробари ин аксарияти таронаҳо дар оҳанги қатъиян нав ва ғайриоддӣ пешниҳод шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.