Вазорати адлия тасмим дорад назорат аз болои иҷрои ҳалномаҳои судиро қавӣ гардонад

Date:

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмим дорад назорат аз болои ҳалномаҳои судиро қавӣ гардонад. Дар ин бора вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров зимни нишасти матбуотӣ, ки 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар Тоҷикистон далоили ба дарозо кашидани иҷрои ҳалномаҳоии судӣ ба мушоҳида мерасад.

«Мо чораҳои зарурӣ барои беҳбуд бахшидани кор дар ин самтро  меандешем, ҳамоно дар ин масъала мушкилиҳо ҷой доранд ва мо онро пинҳон ва ё рад намекунем», гуфт вазир.

Феълан миёни вазорати адлияи Тоҷикистон бо вазоратҳои адлияи Русия ва Қазоқистон дар хусуси таълим гирифтани кадрҳои ҷавони точик дар марказҳои таълимии ин кишварҳо гуфтушунид  идома дорад.

«Мо кушиш дорем, ки кадрҳои мо аз таҷрибаи ҳамкасбонашон биомӯзанд. Ба чунин марказҳои таълимӣ барои таҳсил равон кардани мутахассисони мо маблағ изофӣ талаб мекунад, вале мо барои ҳали ин мушкили аз маблағи худӣ истифода мебарем», –  изҳор дошт Бахтиёр Худоёров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...