М. Мухторов: Санҷиши ҳолати санитарии масҷидҳо бояд гузаронда шавад

Date:

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Хадамоти Чумхуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧТ дар қатори дигар нуқоти ҷамъиятӣ дар масҷидҳо низ санҷишҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мегузаронад. Дар ин бора муовини сардори хадамот Холмаҳмад Назаров ба «АП» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ санҷишҳо кори маъмулии хадамот буда дар тамоми масоҷиди кишвар гузаронда мешаванд.

Тавре муовини сардори хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ Х. Назаров гуфт, «чунин санҷишҳо қаблан низ гузаронда мешуданд ва мақсад аз он таъмини бехатарии санитрӣ-эпидемиологии шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Санҷишҳо ба фаъолияти масоҷид монеъа эҷод намекунанд».

Санҷишҳои санитарӣ-эпидемиолгӣ дар масҷидҳои шаҳри Кулоб низ ба ҳамин мақсад гузаронда мешаванд, афзуд манбаъ.

Муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар сӯҳбат бо «АП» изҳор дошт, ки гузарондани чунин санҷишҳо вазифаи шӯъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ мебошад ва ба маҳдудияти фаъолияти масҷидҳо рабте надорад. «Тибқи шариати ислом дар ҷойҳои намозгузорӣ, аз ҷумла масҷидҳо бояд тозагӣ риоя карда шавад», – афзуд Мухторов. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ҳангоми сабти ном кардани масҷид Кумитаи дин шароити санитарии онро ба инобат мегирад, ки то кадом андоза он ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Дар робита ба санҷишҳо дар шаҳри Кулоб М. Мухторов кайд кард, ки санҷиш дар салоҳияти хадамоти санитарӣ буда, кумита ба он дахолат надорад.

Бо вуҷуди ин, ба андешаи бархе аз коршиносон, ки дар ВАО изҳори ақида карданд, ин санҷишҳо метавонанд монеъи фаъолияти масоҷид гарданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...