Рӯзи Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе

Date:

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави  миллӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи дави миллӣ чораҳои зарурӣ андешанд. «Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самтҳои муайянгардида аз соати 8:00 то соати 10:00 манъ месозанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар чорабинии мазкур ҳамаи сокинон ва мехмонони пойтахт метавонанд ширкат биварзанд.

Ёдрас мекунем, ки бо супориши сарвари давлат, баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...